Даъвати СБМ ба таваҷҷӯҳи ҷиддӣ нисбати муҳоҷирон дар сиёсати ҷаҳонӣ

Ба дигарон фиристед

Созмони байналмилалии муҳоҷират ( International Organization for Migration) дар як матлаби нави худ бо унвони «Ман аз шумо хоҳиш мекунам, эҳсоси муҳоҷиронро дарк кунед» даъват ба таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба вазъи душвори муҳоҷирон ва муносибати ҳасанаи ҷомеа ба онҳо кардааст.

Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки баҳсҳо дар бораи муҳоҷират аксаран танҳо ба изҳоротҳои сиёсӣ ва рақамҳо маҳдуд мешаванд, дар ҳоле, ки таҷрибаи воқеии инсонӣ ва эҳсосоти муҳоҷирон камтар ба назар гирифта мешавад. Муаллифон аз ҷомеа даъват мекунанд, ки агарчӣ ҳатман бо ҳамаи сиёсатҳои пуштибоникунанда аз муҳоҷирон розӣ нашаванд ҳам, ҳадди ақал “таҷрибаи инсонӣ”-и муҳоҷиронро дарк намоянд.

Ба гуфтаи СБМ, муҳоҷирон аксаран бо мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла тарси номуайянӣ, ҷудоӣ аз оила, мушкилоти мутобиқшавӣ ба муҳити нав ва фишорҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷират як таҷрибаи пур аз эҳсосоти талх ва душвориҳои равонӣ низ мебошад.

Дар гузориш ҳамчунин ишора мешавад, ки дар бисёр ҳолатҳо муносибат ба муҳоҷирон дар ҷомеа бар асоси тасаввуроти нодуруст ва стереотипҳо шакл мегирад. Аз ин рӯ, Созмон таъкид мекунад, ки фаҳмиши дуруст ва инсондӯстона метавонад ба коҳиши танишҳо ва беҳтар шудани муносибат миёни ҷомеа ва муҳоҷирон мусоидат намояд.

Созмон бар ин назар аст, ки муҳоҷират як падидаи мураккаб буда, ниёз ба бархӯрди мутавозин дорад. Бархӯрде, ки ҳам ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳам ҷанбаҳои инсонӣ ва ахлоқиро дар бар мегирад.

Муаллифон аз ҷомеа, сиёсатмадорон ва расонаҳо даъват мекунанд, ки дар баробари баҳсҳои сиёсӣ ба таҷрибаи шахсӣ ва эҳсосоти муҳоҷирон низ таваҷҷуҳ намоянд, зеро танҳо дар ин сурат метавон ба ҳалли воқеӣ ва устувори масъалаи муҳоҷират наздик шуд.

Бояд гуфт, дар солҳои охир тамоюли тағйирёбии сиёсати муносибат ба муҳоҷирон дар бисёре аз кишварҳои муҳоҷирқабулкунанда, махсусан дар Аврупо ба мушоҳида мерасад. Агар қаблан сиёсат бештар ба ҷанбаҳои башардӯстона ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон такя мекард, имрӯз дар бисёр кишварҳо равиши сахттар ва маҳдудкунанда ҷойгузини он шудааст. Афзоиши муҳоҷират, фишор ба низомҳои иҷтимоӣ, инчунин истифодаи мавзӯи муҳоҷирон дар муборизаҳои сиёсӣ боис гардидааст, ки бархе давлатҳо қонунгузории худро сахттар намоянд, назорати сарҳадҳоро пурзӯр кунанд ва сиёсати қабулро маҳдуд созанд.

Дар Иттиҳоди Аврупо баҳсҳо дар бораи тақсими масъулият миёни кишварҳо, назорати муҳоҷират ва ҳамгироии муҳоҷирон торафт шиддат гирифтаанд. Дар баъзе давлатҳо тамоюли афзоиши нерӯҳои сиёсие, ки бо барномаҳои зиддимуҳоҷиратӣ баромад мекунанд, ба сиёсати умумӣ таъсир расонда истодааст. Ин раванд нишон медиҳад, ки масъалаи муҳоҷират имрӯз на танҳо як масъалаи иҷтимоӣ ё иқтисодӣ, балки як мавзӯи калидии сиёсӣ ва амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст.

Бо вуҷуди ин, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СБМ таъкид мекунанд, ки ҳатто дар шароити тағйирёбии сиёсӣ, нигоҳ доштани муносибати инсондӯстона ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон бояд дар маркази сиёсати муҳоҷират қарор дошта бошад.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *