Русия ба Эрон 313 тонна кумаки тиббӣ фиристод

Ба дигарон фиристед

Русия дар пасманзари шиддат гирифтани даргириҳо миёни Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва Эрон, ба Теҳрон кумаки башардӯстона ирсол кардааст. Дар ин бора Tribunnews хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба Эрон 313 тонна дору ва лавозимоти тиббӣ фиристодааст. Ин кумак ҳамчун қисми як амалиёти башардӯстона ба ҳукумати Эрон супурда шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин аллакай дуввумин бастаи кумакҳои тиббии Русия ба Эрон мебошад. Қисми асосии бор тавассути роҳи оҳан ба шаҳри Остара интиқол дода шуда, ба намояндагони расмии Эрон супорида шудааст. Остара шаҳрест дар шимолу ғарби Эрон, дар вилояти Гелон, ки маркази маъмурии шаҳристони Остара ба шумор меравад. Ин шаҳр дар соҳили баҳри Каспий ҷойгир буда, ҳамчун як бандари муҳим ва нуқтаи калидии нақлиётӣ ва тиҷоратӣ маъруф аст.

Иқдоми кумаки башардустонаи Русия ба Эрон дар шароите сурат мегирад, ки вазъият дар Ховари Миёна пас аз ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эрон ва ҳамлаҳои ҷавобии Теҳрон шиддат гирифтааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон низ дар доираи кумакҳои башардӯстона ба Эрон тақрибан 2600 тонна маводи ғизоӣ ва ниёзи аввалия ирсол кардааст. Ин кумакҳо дар пасманзари вазъи муташанниҷи минтақа ба ҳайси нишонаи ҳамраъйӣ ва дастгирии кишварҳои дӯст арзёбӣ мешаванд.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *