
Ҷанги дигарону марги тоҷикон ва сукути режим
Мақомоти Ӯзбекистон ва Украина ба мувофиқа расидаанд, ки ҳар як ҳолати шаҳрвандони ӯзбек, ки дар минтақаи ҷанг асир афтодаанд, ба таври инфиродӣ баррасӣ шавад.
Бино ба хабари Gazeta.uz муовини вазири корҳои хориҷии Украина Александр Мищенко зимни сафараш ба Тошканд таъкид кардааст, ки ҷониби Украина омода аст дар ҳамкорӣ бо идораҳои Ӯзбекистон ҳар як ҳолатро ҷудогона баррасӣ кунад ва асиронро ҳамчун асирони ҷангӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ нигоҳ дорад.
Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки Ӯзбекистон масъалаи шаҳрвандони худро дар хориҷ, дар шароити ҷанг, дар сатҳи дипломатӣ, ҷиддӣ ва ҳатто нафар ба нафар пайгирӣ мекунад.
Дар баробари ин, Ӯзбекистон дар дохил низ сиёсати фаъол дорад ва аз соли 2022 то 2025 садҳо парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба иштироки шаҳрвандон дар ҷангҳои хориҷӣ боз кардааст. Пайваста шаҳрвандонашро огоҳ мекунад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, ки шаҳрвандонаш дар ҷанги Русия алайҳи Украина ширкат накунанд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат ҳамзамон ҳам ширкати шаҳрвандонаш дар ҷангҳои хориҷиро пешгирӣ мекунад ва ҳам ҷавобгариро ба роҳ мондааст.
Аммо вазъ дар Тоҷикистон комилан дигар аст. Тибқи гузоришҳои расонаҳо, аз ҷумла Радиои Озодӣ ва дигар манбаъҳои мустақил, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷанги Украина иштирок мекунанд, аз ҳама бештар дар байни кишварҳои ИДМ арзёбӣ мешавад. Бисёре аз онҳо муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки дар Русия қарор дошта, тавассути ваъдаҳои пулӣ, таҳдид ё фишор ба ҷанг ҷалб мешаванд.
Бо вуҷуди ин, на танҳо ки Тоҷикистон дар сатҳи дипломатӣ барои ҳифзи шаҳрвандони худ иқдоме намекунад, балки ҳатто дар дохил низ нисбати чунин ҳолатҳо муносибати зиддунақиз дида мешавад. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода қаблан дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки нисбати шаҳрвандоне, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина иштирок доранд, ягон парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст. Ин дар ҳолест, ки қонунгузории худи Тоҷикистон иштироки шаҳрвандон дар ҷангҳои хориҷиро ҳамчун ҷинояти “зархаридӣ” (наёмничество) муқаррар мекунад.
Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар ба хотири манфиатҳои моддӣ ҷиноят ҳисобида шуда, метавонад бо ҷазои сангин, аз ҷумла маҳрумият аз озодӣ, муҷозот шавад. Яъне, қонун вуҷуд дорад, аммо татбиқи он вуҷуд надорад.
Ин ҳолат як зиддияти ошкорро ба миён меорад. Аз як тараф, давлат дар қонун иштироки шаҳрвандон дар ҷангҳои хориҷиро манъ мекунад, аз ҷониби дигар, дар амал нисбати чунин ҳолатҳо чашм мепӯшад. Ин на танҳо ба беқонуниятӣ роҳ мекушояд, балки шаҳрвандонро низ дар ҳолати осебпазир қарор медиҳад, зеро онҳо на ҳимояи ҳуқуқӣ доранд ва на пуштибонии дипломатӣ.
Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки дар муқоиса бо Ӯзбекистон, ки барои ҳар як шаҳрванди асиршудааш, нафар ба нафар бо Украина музокира мекунад, Тоҷикистон ҳатто дар мавриди асирони худ ягон ташаббус нишон надодааст. То имрӯз маълум нест, ки чанд шаҳрванди тоҷик дар Украина асир шудаанд ва ё вафтидаанд. Ягон маълумот дар расонаҳо дида намешавад, ки барои озодии онҳо ягон кори дипломатӣ анҷом дода мешавад ё не? Танҳо чизи маълум инаст, ки дар Тоҷикистон қариб диёре вуҷуд надорад, ки дар он аз 3-4 то даҳҳо оила азодори марги пайванди кушташудаашон дар ҷанги Руси алайҳи Украина набошанд.
Дар чунин шароит, метавон гуфт, ки сиёсати мақомоти Тоҷикистон на танҳо ғайрифаъол, балки мухолифи қонунгузории худи кишвар аст. Набудани парвандаҳо алайҳи иштирокчиёни ҷанг, набудани барномаҳои огоҳонӣ ва набудани иқдомҳои дипломатӣ барои ҳифзи шаҳрвандон нишон медиҳад, ки масъалаи ҳаёт ва амнияти шаҳрвандон дар авлавият қарор надорад.
Агар таҷрибаи Ӯзбекистон намунаи масъулияти давлатӣ ва ҳимояи шаҳрвандон бошад, пас вазъи Тоҷикистон нишондиҳандаи бетаваҷҷуҳӣ ва ихтилофи ҷиддӣ байни қонун ва амал аст. Ин ҳолат на танҳо эътимоди ҷомеаро коҳиш медиҳад, балки шаҳрвандонро дар баробари хатарҳои ҷиддии байналмилалӣ танҳо мегузорад.
