
Дар Исфара ҳукумат барои масрафи сафари раисҷумҳур «гадоӣ» ташкил кард
Дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон мақомот аз аҳолӣ бо баҳонаи ободонии маҳал маблағ ҷамъоварӣ карданд. Ба гуфтаи мансабдорон, ин иқдом дар доираи як «марафони хайриявӣ» сурат гирифтааст ва иштироки мардум ихтиёрӣ аст. Аммо бисёре аз сокинон ба ихтиёрӣ будани чунин пардохтҳо шубҳа доранд.
Ба гузориши Настоящее время, чунин марафонҳо на танҳо дар шаҳри Исфара, балки дар ҷамоати калонтарини деҳот — Чоркӯҳ низ баргузор шудаанд. Ҳадафи расмии ин иқдом «ободонии шаҳр ва деҳот» унвон мешавад, вале маълум нест, ки маблағҳои ҷамъшуда ба куҷо масраф мегарданд, зеро мақомот ҳисобот пешниҳод намекунанд.
Бино ба маълумот, ташаббуси роҳандозии чунин маърака эҳтимолан ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Шарифҷон Ҷӯразода тааллуқ дорад, ки моҳи январи соли ҷорӣ ба ин мақом таъин шудааст. Пеш аз ӯ чунин иқдомҳо дар ноҳия ба роҳ монда нашуда буданд.
Дар ҳамин ҳол, бархе соҳибкорон низ ба ин маърака ҳамроҳ шудаанд. Аз ҷумла, як соҳибкори муваффақ ба хадамоти коммуналӣ шаш мошини махсус тақдим кардааст. Аммо худи баъзе аз ин «сарпарастон» мегӯянд, ки кумакҳои онҳо ихтиёрӣ буда, аз рӯйи нияти хайр анҷом дода мешаванд.
Бо вуҷуди ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксари корбарон ба ихтиёрӣ будани ин маблағгузориҳо бовар надоранд. Ба гуфтаи фаъоли сиёсии тоҷик, муовини раиси ПМТ, Салим Султонзода, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, ҷамъоварии маблағҳо дар амал бо роҳи фишор сурат мегирад.
Султонзода ба хабаргузории Настоящее время шарҳ дода, ки дар ҳар маҳалла рӯйхатҳо тартиб дода шуда, масъулон аз сокинон маблағ талаб мекунанд. Сокинон бошанд, аз тарси мушкилот дар гирифтани ҳуҷҷатҳо ё хизматрасониҳои давлатӣ маҷбур мешаванд пул супоранд.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Султонзода, чунин маъракаҳо бо сафари дарпешистодаи президенти Тоҷикистон ба минтақа рост омадааст. Пештар низ расонаҳо хабар дода буданд, ки пеш аз сафарҳои расмӣ мақомот аз аҳолӣ ва соҳибкорон барои ташкили чорабиниҳо маблағ ҷамъ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ноҳияи Исфара то ҳол ба мардум шарҳ надодаанд, ки чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шудааст ва он барои кадом ҳадафҳо истифода мешавад.
Гуфтанист, як чунин таҷрибаи гадоӣ дар сатҳи давлат падидаи нав нест, ин гуна гадоиро маъмурияти ҳокимияти иҷроия дар минтақа ва ноҳияҳо ҳар замон бо ҳар баҳона ба роҳ мемонанд. Аз ҳама серхарҷтарин ва миёншикантарин чорабинӣ барои масъулини ноҳияҳо ин пешвози раисҷумҳур мебошад. Бинобар, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҷуз дасти гадоӣ дароз кардан ба мардум чораи дигаре надоранд.
