HRW: Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро поймол ва аз ислоҳот саркашӣ мекунад

Ба дигарон фиристед

Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) дар гузориши нави худ ба ҷаласаи Баррасии даврии умумиҷаҳонӣ (UPR) эълон кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар самти ҳуқуқи инсон иҷро намекунад ва вазъ дар солҳои охир рӯ ба бадшавӣ овардааст.

Дар ин санад, ки санаи 9 апрели соли 2026 нашр шудааст, гуфта мешавад, ки баъд аз баррасии қаблӣ дар соли 2021, на танҳо пешрафти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст, балки баръакс, аз ҷониби режими Тоҷикистон фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, мухолифон ва расонаҳо афзоиш ёфтааст. Созмон таъкид мекунад, ки мақомоти тоҷик ба таври системавӣ фазои фаъолият барои созмонҳои мустақил ва фаъолони ҷомеаро маҳдуд карда, даҳҳо созмонро баста ва қонунгузориро барои назорат ва фишор шадидтар кардаанд.

Гузориш инчунин ба рӯйдодҳои солҳои 2021–2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ишора мекунад, ки дар онҳо нерӯҳои давлатӣ эътирозҳои осоиштаро бо истифода аз зӯроварӣ саркӯб карданд. Ба гуфтаи Human Rights Watch, то имрӯз барои ин амалҳо таҳқиқоти мустақил анҷом дода нашудааст ва масъулон ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Ҳамзамон, созмон аз густариши таъқиби мухолифон берун аз кишвар низ изҳори нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи муаллифон, мақомоти Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Аврупо, Русия ва Туркия, талош мекунанд мухолифонро таъқиб ва боздошт намоянд, ки ин амалҳо ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мухолифанд.

Дар бахши дигар, гузориш ба муноқишаи марзии соли 2022 бо Қирғизистон дахл карда, эҳтимоли содир шудани ҷиноятҳои ҷангӣ аз ҷониби нерӯҳои Тоҷикистонро низ матраҳ мекунад. Ин иддао, ба гуфтаи созмон, бояд тавассути таҳқиқоти мустақил ва шаффоф баррасӣ шавад.

Human Rights Watch инчунин таъкид мекунад, ки Тоҷикистон аксари тавсияҳои қабулкардаи худро дар ҷараёни Баррасии даврии умумиҷаҳонӣ дар соли 2021 иҷро накардааст. Ин тавсияҳо ба масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла озодии баён, мустақилияти судҳо, ҳифзи ҳуқуқи адвокатҳо ва қатъи таъқиби мухолифон ва рӯзноманигорон марбут буданд.

Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон торафт бештар баста ва марказӣ мегардад. Дар чунин шароит, набуди рақобати сиёсӣ, заъфи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вобастагии низоми судӣ аз ҳокимияти иҷроия боис шудааст, ки механизмҳои дохилии ҳифзи ҳуқуқ амалан кор накунанд. Ҳамин омилҳо сабаб мешаванд, ки интиқодҳои байналмилалӣ, ба мисли гузориши Human Rights Watch, бештар ба як ҳушдори такрорӣ табдил ёбанд, на ба омили тағйир. То замоне ки иродаи воқеии сиёсӣ барои ислоҳот вуҷуд надошта бошад, эҳтимоли беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар ҳамоно маҳдуд боқӣ мемонад.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *