
Тоҷикистон дар гирдоби қарз ва нишонаҳои таҳдид ба истиқлолият
Дар паси ҳамкориҳои густурдаи Тоҷикистон бо Чин, ки солҳои охир бо сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳо ва инфрасохтори муҳим тавсеа ёфт, як саволи ҷиддӣ меистад: оё ин раванд ба рушди устувори кишвар мусоидат мекунад ё баръакс, Тоҷикистонро ба як вобастагии дарозмуддати иқтисодӣ ва стратегӣ мебарад? Мутолеаи назари коршиносон дар ин бора ба чунин хулоса меорад, ки сиёсати нодурусти қарзгирӣ, набуди шаффофият ва идоракунии номуассири захираҳо метавонад ин намуд шарикӣ бо Чинро аз имконият ба хатар табдил диҳад.
Хатари вобастагии Тоҷикистон аз Чин имрӯз дигар як баҳси нав нест, дар ин бора садҳо матлабу таҳлил нашр шудаанд. Худи будани таҳлилҳои гуногун ва зиёд будани назари коршиносон низ далолат бар он мекунад, ки ин як масъалаи воқеии иқтисодӣ, сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ аст. Муносибатҳои ду кишвар расман ҳамчун “шарикии стратегӣ” муаррифӣ мешаванд, аммо таҳлил нишон медиҳад, ки мушкили асосӣ на худи ин ҳамкорӣ, балки тарзи истифода ва идора кардани он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон аст.
Имрӯз Чин бузургтарин қарздиҳандаи дуҷонибаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Қисми назарраси қарзи хориҷии кишвар наздик ба 800 миллион доллар ба Бонки содироту воридоти Чин рост меояд, ки тақрибан чоряки тамоми қарзи хориҷиро ташкил медиҳад. Дар шароите ки давлат танҳо дар як сол садҳо миллион доллар барои пардохти қарзҳо ҷудо мекунад ва дар соли 2026 ин маблағ ба ҳудуди 500 миллион доллар мерасад, чунин вобастагӣ ба як манбаи молиявӣ ба таври худкор ба фишори ҷиддӣ ба буҷа ва имкониятҳои иқтисодии кишвар табдил меёбад. Аммо масъалаи асосӣ худи ҳаҷми қарз нест, балки он аст, ки ин қарзҳо то чӣ ҳад бо ҳисобу китоб ва стратегияи равшан гирифта шудаанд.
Ҳукумат солҳои охир қарзҳои калонро ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ равона кардааст, ки инҳо Нерӯгоҳи Душанбе-2, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои калидӣ ва марказҳои логистикӣ мебошанд. Ин иншоотҳо воқеан сохта шуданд ва дар баъзе ҳолатҳо фоидаи амалӣ ҳам оварданд. Аммо мушкил дар он аст, ки аксари ин лоиҳаҳо бо низоми заифи идоракунӣ, набуди шаффофият ва арзёбии нокифояи иқтисодӣ ҳамроҳ будаанд. Вақте бахши энергетика худ аз ҷиҳати молиявӣ заиф аст, талафоти барқ баланд аст ва ҷамъоварии маблағ аз истеъмолкунандагони бузург мушкил боқӣ мемонад, ҳатто бузургтарин сармоягузорӣ ҳам наметавонад худро пурра сафед кунад. Ба ибораи дигар, масъала на дар сохтани нерӯгоҳ аст, балки дар он аст, ки давлат то чӣ андоза метавонад онро самаранок идора кунад.
Нишонаи дигари ин заъфи идоракунӣ дар он аст, ки қисми шартномаҳо ва тартиби интихоби лоиҳаҳо барои ҷомеа пӯшида боқӣ мемонанд. Вақте шаффофият нест, наметавон муайян кард, ки кадом лоиҳа воқеан барои иқтисод зарур буд ва кадоме танҳо барои иҷрои як ҳадафи кӯтоҳмуддати сиёсӣ гирифта шудааст. Дар чунин шароит, ҳатто сармоягузории муфид метавонад ба манбаи вобастагӣ табдил ёбад.
Дар бахши амният ин вобастагӣ боз ҳам равшантар аст. Дар соли 2026 маълум шуд, ки Чин сохтмони 9 дидбонгоҳи нави сарҳадиро дар наздикии марзи Афғонистон маблағгузорӣ мекунад, дар ҳоле ки қаблан дар солҳои 2017–2018 бо пуштибонии ҳамин кишвар аллакай 12 чунин иншоот сохта шуда буд. Яъне дар маҷмӯъ сухан дар бораи беш аз 20 иншооти марзӣ меравад, ки бо сармояи хориҷӣ бунёд шудаанд. Гарчанде маблағгузории қисми онҳо ҳамчун грант пешниҳод мешавад, аммо аз нигоҳи стратегӣ ин маънои онро дорад, ки як бахши муҳимми амнияти миллӣ тадриҷан ба технологияи беруна такя мекунад. Чаро худи давлат наметавонистааст дар ин самти ҳаётан муҳим мустақилияти кофӣ ба даст орад ва саро як давлат ақалан ба ин қодир набудааст, ки дар сарҳадаш дидбонгоҳ созад?
Дар бахши захираҳои табиӣ масъала боз ҳам ҳассостараст. Яке аз ҳолатҳои нигронкунанда, ин додани ҳуқуқи истихроҷи конҳои тиллои Кумарғи боло ва Дуобаи Шарқӣ ба ширкати чинии TBEA аст. Ин ҳуқуқ пас аз сохтмони Нерӯгоҳи Душанбе-2 дода шуд ва дар амал як модели равшанро нишон дод, ки Чин дар ивази сохтани инфрасохтор ба захираҳои табии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо кард. Гарчанде ин метавонад ҳамчун “ҳамкории сармоягузорӣ” муаррифӣ шавад, дар асл чунин қарорҳо нишон медиҳанд, ки давлат дар ҳолатҳои муайян омода аст барои пӯшонидани хароҷоти гузашта, маҷбур мешавад, ки имтиёзҳои дарозмуддатро ба кишвари хориҷӣ диҳад. Илова бар ин, вогузории кони нуқраи Якҷилва ба ширкати чинӣ низ нишон медиҳад, ки ҳузури хориҷӣ дар бахши маъдан торафт густариш меёбад. Яъне, сода карда гӯем, тадриҷан лаҷоми кишвардорӣ ба дасти бегонагон мегузарад.
Дар сатҳи иҷтимоӣ низ ин раванд бе таъсир нест. Афзоиши шумораи коргарони хориҷӣ дар баъзе лоиҳаҳо ва эҳсоси канор мондани аҳолии маҳаллӣ аз манфиатҳои иқтисодӣ метавонад ба норозигӣ замина гузорад. Ҳамзамон, вақте иқтисод ба як самти беруна сахт пайваст мешавад, фазои сиёсӣ ва фарҳангӣ низ тадриҷан ба таъсири он мутобиқ мешавад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, бояд як чизро равшан гуфт, ки худи Чин дар доираи манфиатҳои худ амал мекунад ва ин як рафтори муқаррарии геополитикӣ аст. Ҳар як қудрати бузург ҳамин тавр мекунад. Масъалаи аслӣ то чӣ андоза ин равандро идора карда тавонистани худи Тоҷикистон мебошад. Вақте сиёсати қарзгирӣ бе ҳисобу китоб ва бебаркаш аст, шартномаҳо бе шаффофият ва лоиҳаҳо бе назорати ҷамъиятӣ амалӣ мешаванд, ҳар як ҳамкорӣ новобаста аз он ки бо кадом кишвар аст, метавонад ба манбаи вобастагӣ табдил ёбад.
Аз ҳамин нигоҳ, хатари воқеӣ на аз берун, балки аз дарун сарчашма мегирад. Агар ҳукумати Тоҷикистон сиёсати молиявӣ ва иқтисодии худро ислоҳ накунад, шаффофиятро ба роҳ намонад ва манфиатҳои миллиро дар авлавият қарор надиҳад, вобастагӣ аз ҳар шарики хориҷӣ, аз ҷумла Чин, метавонад тадриҷан ба маҳдуд шудани истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар оварда расонад. Паҳлуи дигари ин масъала ҷомаи хиёнат ба миллат дар тани ҳукуматдорони кишвар аст.
Муҳаммади Муҳиддин
