Орзӯ то қиёмат: Кишварҳои ОМ шабакаи ягонаи таъмини барқ месозанд

Ба дигарон фиристед

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон санаи 7 апрел зимни нашри як гузориш маълумот додааст, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ният доранд ҳамкориҳоро дар доираи системаи ягонаи энергетикии минтақа густариш диҳанд ва робитаҳои худро дар бахши барқ ба сатҳи нав бардоранд. Тибқи хабар ҷонибҳо дар шаҳри Астанаи Қазоқистон дар ин бора гуфтугӯ кардаанд.

Хабарро расонаи таблиғии режими Тоҷикистон «Ховар» санаи 8 апрел бознашр кардааст ва ҳамчунин дар ин бора дар сойти хабаргузории Qazinform мухтасар гузориш шудааст.

Тибқи гузориш, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ дар шаҳри Астана масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ҳамгироии бештар дар доираи шабакаи минтақавии барқ, баррасӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ин ҳамкорӣ ба рушди устувори энергетикӣ, таъмини амнияти барқ ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ равона шудааст.

Дар мулоқот таъкид шудааст, ки ҳамгироии кишварҳо дар доираи системаи ягонаи энергетикӣ имкон медиҳад, ки интиқоли барқ байни давлатҳо беҳтар гардида, устувории шабакаи минтақавӣ тақвият ёбад. Инчунин, ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ ва табодули таҷриба дар истифодаи самараноки нерӯи барқ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Ҳамзамон, ин иқдом дар доираи тамоюли васеътари ҳамгироии энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад. Системаи ягонаи энергетикии минтақа, ки кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро мепайвандад, имкон медиҳад, ки давлатҳо барқро мубодила кунанд ва дар ҳолатҳои камбуд ё изофаи нерӯ якдигарро дастгирӣ намоянд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки кишвар то соли 2026 ният дорад пурра ба ин шабакаи минтақавӣ ҳамроҳ шавад, ки ин барои баланд бардоштани эътимоднокии низоми энергетикӣ ва истифодаи беҳтари иқтидорҳои гидроэнергетикӣ муҳим мусоидат мекунад.

Ин ҳамкориҳо дар ҳоле густариш меёбанд, ки кишварҳои минтақа талош доранд худро ҳамчун як маркази муҳими энергетикӣ муаррифӣ кунанд ва аз имкониятҳои содироти нерӯи барқ, аз ҷумла аз бозорҳои хориҷӣ истифода баранд.

Аммо дар паси ин ҳамгироии энергетикӣ чанд паҳлуи сиёсӣ низ ҷой дорад. Аз як тараф, густариши чунин ҳамкорӣ метавонад ба устувории иқтисодӣ ва ҳамбастагии минтақавӣ мусоидат кунад, аммо аз тарафи дигар, вобастагии мутақобилаи энергетикӣ метавонад фишангҳои нави таъсири сиёсиро ба вуҷуд оварад. Барои Тоҷикистон, ки низоми энергетикиаш ҳанӯз ба мушкилоти дохилӣ, аз ҷумла талафоти баланд, инфрасохтори кӯҳна ва идоракунии ғайришаффоф рӯбарӯст, чунин ҳамгироӣ танҳо дар сурате самараи воқеӣ медиҳад, ки ислоҳоти дохилӣ низ ҳамзамон пеш бурда шаванд. Дар акси ҳол, хатари он вуҷуд дорад, ки ҳамкории байналмилалӣ бештар ба як лоиҳаи геополитикии рӯи қоғаз мепӯсидагӣ табдил ёбад, на ба василаи беҳбуди воқеии вазъи энергетикӣ ва иқтисодии кишвар.

Ҳоло биёед ба мағзи масъалаҳои баррасишуда дар ин вохурии ду кишвар назар кунем. Танҳо як мутолиаи сар-сарӣ аз ин гузориш дарак медиҳад, ки ин лоиҳа шояд то ба рӯзи қиёмат кашол ёбад. Зеро дар ин вохурӣ ягон ҳарф аз лоиҳаи мушаххасе гуфта нашудааст, балки танҳо аз “дурнамо” фол кушодаанд.

Дар матн танҳо омадааст, ки «ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкорӣ дар доираи Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ карданд ва ҳамчунин дар бораи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ ва табодули таҷриба гуфтугӯ карданд.» Дар он ҷо на санади имзошуда зикр шудааст, на маблағгузорӣ, на ҷадвали иҷро, на ҳаҷми интиқол, на механизмҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ. Яъне, дар асл то ин лаҳза сухан бештар дар бораи иродаи сиёсӣ меравад, на дар бораи лоиҳаи омодаи иҷрошаванда.

Лутфан таваҷҷӯҳ кунед, ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи системаи ягонаи барқ ҳатто аз нигоҳи техникӣ ҳам мустақим нест, балки ба кори устувори шабакаи минтақавӣ ва махсусан ба пайвастшавӣ тавассути Ӯзбекистон вобаста аст. Asia-Plus бо истинод ба Вазорати энергетикаи Тоҷикистон навишта буд, ки бозпайвастшавии Тоҷикистон ба шабакаи ягона маҳз тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон пеш бурда мешавад ва барои ин ҳанӯз соли 2018 Бонки рушди Осиё 35 миллион доллар ҷудо карда буд. Ин маъно дорад, ки ҳамкории Душанбе ва Остона танҳо ба муносибати дуҷониба бастагӣ надорад, балки он аз кори ҳамоҳангии ҳадди ақал се-чор кишварҳо вобаста аст. Ҳар гуна ихтилофи сиёсӣ, техникӣ ё танзимӣ дар миён метавонад тамоми тарҳро суст кунад ё ба тамом барбод диҳад.

Худи раванди бозпайвастшавии Тоҷикистон ба ин шабака солҳои зиёд боз эълон мешавад, аммо ба таври комил ҳанӯз ба як воқеияти устувор табдил наёфтааст. Ҳанӯз дар соли 2024 гуфта мешуд, ки Тоҷикистон “ин масъаларо ҳал кардааст” ва зерсохторҳои зарурӣ ба кор даромадаанд. Боз дар ноябри 2025 мақомот гуфтанд, ки пайвастшавии пурра дар нимаи аввали соли 2026 анҷом мешавад. Вақте як раванд чанд сол пай дар пай ҳамчун “ ана қариб иҷро шуд” муаррифӣ мешавад, ин худ нишон медиҳад, ки масъала на он қадар сода аст ва таъхир ва ба оқиб партофтанҳо такрор шудани мегирад.

Вазъи дохилии бахши барқи Тоҷикистон дар ҳоли «кошмар» аст ва ба ҳадде фосид аст, ки наметавон ба густариши устувори ҳамкории минтақавӣ хесту бовар кард. Хазинаи Байналмилалии Асъор (ҲБА) дар гузориши соли 2025 ошкоро гуфтааст, ки бахши барқи Тоҷикистон бо зарарҳои хароҷоти “пинҳонии давлатӣ” (квазифискал), сатҳи пасти ҷамъоварии пардохт аз истеъмолкунандагони бузург (корхонаҳои марбут ба наздикони раисҷумҳур ба мисли ТалКо *Ш.М*), талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ ва тарифҳои поёнтар аз сатҳи худпӯшӣ рӯбарӯст. Ба навиштаи ХБА, зарарҳои ин бахш дар соли 2024 ба 0,7 фоизи ММД расида, қарздорӣ ва ӯҳдадориҳои “Барқи Тоҷик” то тақрибан 7 фоизи ММД боло рафтааст. Ҳатто мақомот маҷбур шудаанд соли 2025 тарифро тақрибан 15 фоиз боло баранд ва чораҳои ҷазодиҳанда барои дуздии барқро сахттар кунанд. Ин нишон медиҳад, ки худи низоми дохилии барқ ҳанӯз аз лиҳози молиявӣ ва идорӣ осебпазир аст. Дар чунин вазъ, «пропаганда»-и ҳамгироии минтақавӣ мисли мақоли «бача дар сафар-номаш Музаффар» аст, аммо иҷрояш бошад душвортару аз санги сиёҳ ҳам сахттар.

ҲБА ҳамзамон таъкид мекунад, ки беҳтар кардани кори бахши барқ барои пойдории дарозмуддати молиявии Роғун аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Яъне Тоҷикистон ҳанӯз дар дохил маҷбур аст ҳам талафотро кам кунад, ҳам ҷамъоварии маблағро беҳтар созад, ҳам назорати ширкатҳои давлатӣ ва хароҷотро ислоҳ кунад. Вақте дар дохили низом чунин мушкилоти решадор боқӣ мондааст, ҳар як лоиҳаи минтақавӣ бо хатари он рӯбарӯст, ки ба ҷои модели тиҷоратии устувор ба як барномаи сиёсии намоишӣ табдил ёбад.

Ҳатто аз нигоҳи мантиқӣ ҳам ин кор шуданаш муҳол аст ва як намуд умедворкунии мардум ба мисли «бузак-бузак намур вақти баҳор мерасад» аст ва бештар ба изҳороти дипломатӣ монанд аст, на ба лоиҳаи иҷрошаванда. Агар воқеан масъала ҷиддӣ мебуд, бояд ҳадди ақал дар бораи инҳо маълумот дода мешуд, ки чӣ қадар барқ, дар кадом фасл, аз кадом масир, бо кадом тариф, бо кадом оператор, бо чӣ сармоягузорӣ ва дар кадом муҳлат иҷро мешавад. Аммо дар хабар чунин ҷузъиёт нест. Пас, то замоне ки тафсилоти техникӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ рӯйи миз наояд, дурусттар аст инро на “лоиҳаи бузург”, балки танҳо даври дигари музокироти сиёсӣ номид. Ин вохуриҳо асосан ҳамон 35 миллион доллари Бонки рушди Осиёро обу лой кардан аст. Аз замоне, ки инҳо 35 миллионро гирифтанд 8 сол гузашт, ҳоло ҳам фақат гапзанон доранд.

Як чизи дигарро ҳамин ҷо зикр кунам, системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ аслан ин гапи нав не, қаблан ҳам буд, аммо борҳо аз сабаби ихтилофҳои сиёсӣ, баҳсҳои пардохт, масъалаҳои идоракунӣ ва ноустувории ҳамоҳангсозӣ заиф шуда буд. Хабаргузории Asia-Plus ёдовар мешавад, ки коҳиши мубодилаи барқ ва ҷудошавии қаблии кишварҳо самаранокии системаро маҳдуд кард. Агар дар гузашта ҳамин шабака бо вуҷуди иродаи умумӣ натавониста бошад пойдор ва беихтилоф кор кунад, имрӯз ҳам барои эҳёи воқеии он танҳо мулоқоти вазирони муовин кофӣ нест.

То ҳол фақат инҳо сафар мекунанду гуфтугӯ мекунанд, вале баъид аст, ки то қиёмат ба як хулоса расанд. Зеро, ҳоло агар ба шароити худи Тоҷикистон назар андозем, набуди созишномаи мушаххас, вобастагӣ аз зерсохтори кишварҳои сеюм, таъхирҳои тӯлонии бозпайвастшавии Тоҷикистон ба шабакаи минтақавӣ, сустии молиявию идории бахши барқи Тоҷикистон ва таҷрибаи носуботи худи системаи ягона, амалӣ шудани пурраи чунин лоиҳаро аз воқеият ба дури дур меандозад. Худо кунад, ин назари ман хато бошад. Намурда, илоҳо Тоҷикистонро чароғон бинем.

Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *