Тороҷи сарвати миллӣ ва омори рушди иқтисодӣ

Ба дигарон фиристед

Дар пойгоҳи расмии Бонки рушди Авруосиё (Eurasian Development Bank) матлаберо хондам, ки  дар он гуфта мешавад, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 ба 1,8 миллиард доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Албатта, як чунин маълумот умедворкунанда аст ва хурсанд ҳам мекунад. Аммо, вақте амиқтар ба ин масъала ворид мешавӣ дилат ба тахтапуштат рафта мечаспад. Мебинӣ, ки манбаъҳои ин рушд аз куҷо сарчашма мегиранд, додат ба фалак мепечад. Чун пай мебарӣ, ки ин рушди гардиши савдои хориҷӣ на пешрафти иқтисодӣ, балки тороҷи сарватҳои бебаҳои миллат ва нобуд кардани маъданҳои гаронбаҳои кишвар бо баҳои ашёи хом аст.

Ман чандин расонаҳои дигарро пайгирӣ кардам, воқеъан омори афзоиши савдои хориҷӣ воқеият дорад ва бо маълумоти дигар манбаъҳои байналмилалӣ низ мутобиқат мекунад. Тибқи таҳлилҳои ахири созмонҳои молиявӣ, аз ҷумла World Bank ва Coface, иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои охир ба сабаби болоравии нархи ашёи хом ва “афзоиши талаботи дохилӣ” тамоюли мусбати савдо нишон медиҳад. Аммо, аламовараш ин аст, ки ин афзоиш бештар аз ҳисоби омилҳои беруна ва муваққатӣ ба даст омадааст, на аз ҳисоби ислоҳоти амиқи сохторӣ ё рушди саноати миллӣ.

Яке аз нуқтаҳои ҷиддитарин он аст, ки дар оморҳо гуфта мешавад афзоиши содирот асосан аз ҳисоби “маҳсулоти маъданӣ” ба вуҷуд омадааст, вале мушаххасан ном бурда намешавад, ки кадом маҳсулот дар назар аст. Ин дар ҳолест, ки сохтори содироти Тоҷикистон ба таври умум маълум аст ва кишвар асосан сарватҳои миллиро ба мисли тилло, алюминий ва баъзе маъданҳои дигар содир мекунад. Нодида гирифтани номҳои мушаххас дар чунин гузоришҳо як масъалаи тасодуфӣ нест, балки бештар ба сатҳи пасти шаффофият, аниқтараш истифодаи ғайримақсаднок дар бахши истихроҷи маъдан ишора мекунад. Бино ба арзёбии World Bank, иқтисоди Тоҷикистон, махсусан бахши захираҳои табиӣ, то ҳол аз камбуди шаффофият ва ҳисоботдиҳии пурра ранҷ мебарад.

Як чизи содаи ҳамафаҳм ин аст, ки вобастагӣ ба содироти ашёи хом кишварро дар ҳолати осебпазир қарор медиҳад. Ин ҳолат ҳамчун “иқтисоди тороҷи захираҳо” (resource-based economy) маъруф аст. Яъне, вақте ки як кишвар аз ҳисоби содироти захираҳои табиӣ ва фуруши сарватҳои миллӣ ҳамчун ашёи хом даромади зиёд ба даст меорад, дигар бахшҳои иқтисод, махсусан саноати коркард ва истеҳсол, рушд намекунанд. Дар мавриди Тоҷикистон низ нишонаҳои чунин раванд мисли нимарӯз равшан аст ва иқтисод ҳанӯз ҳам дар ҳолати вобастагӣ ба чанд маҳсулоти маҳдуд боқӣ мемонад. 

Дар баробари ин, афзоиши воридот, ки ҳамчун нишонаи “талаботи баланди дохилӣ” тавсиф шудааст, дар асл нишон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ қодир нест талаботи дохилиро бо истеҳсоли худӣ таъмин кунад. Яъне, ба ҷойи рушди истеҳсолоти дохилӣ, кишвар бештар ба воридоти молҳои хориҷӣ такя мекунад. Ин раванд метавонад ба тавозуни савдо таъсири манфӣ расонад ва вобастагӣ ва дастнигарии иқтисодро зиёд кунад.

Дар ҳақиқат, яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳое, ки дар оморҳои расонаишуда ба он таваҷҷуҳ дода нашудааст, ин дефитсити савдо мебошад. Яъне воридоти Тоҷикистон ба маротиб аз содирот зиёд аст. Ин ҳолат маънои онро дорад, ки иқтисоди кишвар бештар аз ҳисоби манбаъҳои беруна, аз ҷумла маблағҳои муҳоҷирон, зинда аст. Тибқи арзёбии BTI Transformation Index, Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки вобастагии баланд ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дорад, ки ин худ як омили ноустувории иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Вале ин баҳси дигар аст ва танҳо барои мисол гуфтам.

Инҷо диққати бештари ман бар он аст, ки омори пешниҳодшуда бештар як “воҳимаи афзоиши рушд” (growth narrative) мебошад, ки танҳо нишондиҳандаҳои мусбатро таъкид мекунад, вале масъалаҳои сохторӣ ва хавфҳои дарозмуддатро нодида мегирад. Ном нагирифтани маҳсулоти мушаххаси содиротӣ, пинҳон мондани сабабҳои чандин баробар кам будани содирот аз воридот ва тавсифи соддаи афзоиши воридот ҳамчун “талаботи баланд” нишон медиҳанд, ки маълумот танҳо характери “пропаганда” дорад ва ҳеҷ як нишони рушд дар он дида намешавад.

Бояд ба як нуқтаи бисёр хатарнок боз ҳам ошкортар таваҷҷуҳ кард ва ин ҳам онаст, ки вақте иқтисоди як кишвар ба воридот такя мекунад, ин танҳо масъалаи “савдои зиёд” нест, балки масъалаи амнияти иқтисодӣ, устувории иҷтимоӣ ва ҳатто соҳибихтиёрии давлатӣ аст. Худи Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро як иқтисоди “истеъмолбунёд ва воридотмеҳвар” тавсиф мекунад ва нишон медиҳад, ки вобастагӣ аз воридот то ҳадде баланд аст, ки ҳиссаи андоз аз арзиши иловашуда аз савдои хориҷӣ ҳанӯз 64 дарсадро ташкил медиҳад. Ин рақам маънои одӣ надорад: он мегӯяд, ки буҷет, бозор ва истеъмоли дохилӣ ба ҷараёни молҳои аз беруномада сахт бастагӣ доранд.

Ин вобастагӣ дар омори ҷории худи мақомоти Тоҷикистон боз ҳам возеҳтар дида мешавад. Ҳарчанд ин маълумот аз соли қабл аст, сазовор аст ба он ишора кунем, чун дар асл тағйирот дар як солу ду сол хеле кам мушоҳида мешавад. Бубинед, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳисоботи тавозуни пардохт барои семоҳаи аввали соли 2025 навиштааст, ки воридоти мол бо нархи ФОБ ба 1,644.6 миллион доллар расида, 23,5 дарсад афзоиш кардааст, дар ҳоле ки касри тавозуни савдо ба 1,192 миллион доллар баробар шудааст. Сода карда гуем, кишвар дар се моҳ аз ҷаҳон хеле бештар харидааст, назар ба он ки фурӯхтааст. Ин танҳо як “каме манфӣ” нест, ин ба гуфти немисҳо “капут”-и соҳаи иқтисод дар кишвар аст.

Оқибати бади чунин вазъият аз он оғоз мешавад, ки иқтисод тадриҷан қобилияти худтаъминкуниро аз даст медиҳад. Вақте тибқи маълумоти расмӣ мебинӣ, ки бозор асосан бо воридоти мошинолот, таҷҳизот, маҳсулоти нафтӣ, доруворӣ ва молҳои истеъмолӣ пур мешавад, табиист, ки дар ин ҳолат корхонаҳои дохилӣ ба рақобати нархӣ ва технологӣ тоб намеоранд. Ҳамин ҳисоботи Бонки миллӣ мегӯяд, ки афзоиши воридот асосан аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти нафтӣ, мошинолот ва таҷҳизот будааст. Яъне ҳатто муҳаррикҳои истеҳсол ва ҳаракати иқтисодӣ ҳам торафт бештар аз берун харидорӣ мешаванд. Дар чунин шароит, ҳар як такони беруна, болоравии нархи сӯзишворӣ, қатъи занҷири таъминот, беқурбшавии асъори миллӣ ё таниши геополитикӣ метавонад дар дохил якбора ба гаронӣ, камбуди мол ва фишори иҷтимоӣ табдил ёбад.

Вақте дар ҳамин бора як иқтисоддони суғдиро пурсидам, ӯ мисол овард, ки вилояти Суғд аксарияти мошинолоти соҳаи кишварзӣ, сохтмон ва хоҷагидориро аз вилояти Намангони кишвари ҳамсояи Узбекистон харидорӣ мекунад. Ҳатто истеҳсоли ҳамингуна мошинолотҳои хурд дар дохили кишвар ба роҳ монда нашудааст. Ӯ гуфт кишвар чунон дар истеҳсоли мошинолот бечора аст, ки ҳатто дар боҷу хироҷи ворид кардани онҳо сабукӣ эълон кардааст.

Нигаронии дигар он аст, ки вобастагӣ аз воридот ба асъори хориҷӣ гуруснагии доимӣ эҷод мекунад. Барои нигоҳ доштани чунин модели истеъмол, кишвар бояд пайваста доллар ё дигар асъори хориҷӣ дарёфт кунад. Агар содирот ин эҳтиёҷро напӯшонад, ҷойи онро маблағҳои муҳоҷирон, қарз ё фурӯши захираҳои миллӣ мегирад. Дар семоҳаи аввали соли 2025 бақияи интиқолҳои пулӣ 442,1 миллион долларро ташкил кардааст ва ҳамин нишон медиҳад, ки тавозуни беруна то чӣ андоза ба омилҳои ғайриистеҳсолӣ бастагӣ дорад. Ин як модели устувори рушди миллӣ нест ва ин бештар механизми “пӯшондани сӯрохҳо” аст.

Аз ҳамин ҷо шикофи ҷиддии иқтисодӣ оғоз мешавад, ки агар рӯзе суръати воридоти пул аз муҳоҷирон кам шавад ё қурби сомонӣ ба фишор рӯ ба рӯ гардад ё бозорҳои беруна ба Тоҷикистон молро гаронтар фурӯшанд, ин иқтисоди воридотмеҳвар зуд ба буҳрони арзӣ ва таваррумӣ дучор мешавад ва мисли пуфак мекафад. Зеро иқтисоди вобаста ба воридот, дар асл, иқтисоди вобаста ба иродаи берунӣ аст. Он дар рӯи пои худ намеистад ва мисле, ки мисли як пиракӣ ё бемори бозу ба асо такя мекунад, наметавонад бо пойи худ рост истад. Ҳар қадар ин вобастагӣ тӯл кашад, ҳамон қадар барқарор кардани саноати дохилӣ душвортар мешавад.

Аммо, аз ин ҳам хатарноктар он аст, ки барои пӯшондани ин вобастагӣ кишвар бештар ба фурӯши маъданҳо, яъне сарватҳои миллӣ ҳамчун ашёи хом такя мекунад. Пойгоҳи чинии  Xinhua менависад, ки дар ду моҳи аввали соли 2026 афзоиши содирот аз ҳисоби “маҳсулоти маъданӣ” будааст, вале навъи он маҳсулотро намегӯяд. Бонки ҷаҳонӣ, баръакс, равшантар мегӯяд, ки содироти металҳои асосии Тоҷикистон алюминий, руҳ ва маъданҳоро дар бар мегирад ва онҳо ба сустшавии талаботи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Чин, осебпазиранд. Ҳамзамон, кишвар ба содироти тилло низ такя мекунад ва тилло дар соли 2023,  32 дарсади тамоми содиротро ташкил додааст. Диққат диҳед, аз се як ҳиссаи содироти кишвар ин тороҷи сарвати миллат аст. Вақте соли 2023 ин омор нашр шуда буд, хеле сару садоҳоро ба бор оварда буд. Сойти собиқи Паём низ бо қалами бародари гиромӣ, таҳлилгари умури иқтисодӣ, Абдуманон Шералиев чанд матлаби таҳлилӣ нашр карда буд. Шояд сабаб ҳамин буд ва сару садоҳои дигар, ки баъди соли 2023 тули ин се соли минбаъда, ҳеҷ як омор ба чашм намехурад.

Коршиносон мегуянд, ки содир кардани маъдан ба шакли ашёи хом маънои содир кардани арзиши иловашуда ба хориҷро дорад. Мантиқ бисёр сода аст ва вақте маъдан дар дохил истихроҷ мешавад, вале коркарди амиқ, гудозиш, тозакунӣ, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёр дар хориҷ анҷом мегирад, қисмати асосии фоида, технология, ҷойҳои корӣ, андозҳои баландтар ва занҷири саноатӣ ҳам дар хориҷ мемонанд. Ба кишвар танҳо қисми нисбатан пасти даромад, аксаран танҳо арзиши ҳамон ашёи хом бо андозҳои ибтидоӣ мерасад. Ин модели классикии иқтисоди канорӣ аст. Сарват аз зери хоки ту мебарояд, аммо арзиши ҳақиқии он берун аз марзҳои ту офарида мешавад. Фоидаи асосиашро бегонагон мебинанд, ту бошӣ нимгурусна, дастнигару кучаруби хиёбонҳои кишварҳои дигарӣ. Аламовар нест? 

Ҳоло як маълумоти дигар аст, ки як фарди ватандуст, бо донистани он наметавонад, бетараф бошад. Диққат диҳед, Бонки ҷаҳонӣ дар арзёбии сохтори содироти Тоҷикистон навиштааст, ки ашёи хом дар даҳсолаи охир 90 дарсади тамоми содироти кишварро ташкил додаанд. Тилло тақрибан нисфи содироти маъданиро дар бар мегирад, аммо кишвар инчунин мис, руҳ, сурб ва сурма ҳам содир мекунад. Вақте 90 дарсади содирот аз молҳои хом иборат аст, ин маънои онро дорад, ки дар кишвар истеҳсол қариб, ки вуҷуд надорад. То ҳол ҳамон шароите, ки солҳои 90-уми асри гузашта, мардум мегуфтанд, ба чи ҳол мондем, ки ақалан сараки гугирд истеҳсол намекунем, ба шароити имруза ҳам мувофиқи замон рост меояд. Яъне иқтисод ҳанӯз ба марҳилаи пасти зинаи саноатӣ баста мондааст ва дар эҷоди арзиши иловашуда, коркарди технологӣ ва бисёрқутба кардани истеҳсол пешрафти назарнамо накардааст. 

Ин ҳолат одатан нишонаи чанд бемории якбора аст. Аввал, ин нишон медиҳад, ки кишвар дар “доми ашёи хом” қарор дорад ва болоравии нархи ҷаҳонӣ муваққатан даромадро зиёд мекунад, аммо коҳиши нарх метавонад буҷет ва тавозуни берунаро зуд зарба занад. Чизи дигар, ин нишонаи сустии саноати коркард аст, зеро иқтисод натавонистааст аз истихроҷ ба коркард гузарад. Дар чунин ҳолат бахши маъдан аз иқтисоди воқеии дохилӣ ҷудо мемонад, даромадаш ба доираи маҳдуди ширкатҳо ва элитаҳо меравад. Аниқтараш ба коми аждаҳои калони тоҷикӣ меравад вале равоншавии фоида ба тамоми иқтисод маҳдуд мемонад. Ин модели рушди осебпазир аст, чунки он бештар ба тағйири нархҳои ҷаҳонӣ вобаста аст, на ба қобилияти дохилӣ барои навоварӣ ва истеҳсол.

Бадтарин паҳлуи содироти ашёи хом он аст, ки кишвар сарвати табиии дигарбора барқарор нашавандаро ба даромади ҷории кӯтоҳмуддати аз байнраванда табдил медиҳад. Маъдан, тилло, сурма, мис ё дигар металҳо пас аз истихроҷ дигар ба ҷои худ барнамегарданд. Агар ин захираҳо бе коркарди дохилӣ фурӯхта шаванд, давлат дар асл дороии байнинаслӣ, сарвати насли ояндаро ба пули ночизи имрӯз табдил медиҳад, бе он ки дар иваз саноати миллӣ, технология, марказҳои коркард ва ҷойҳои кори устувор созад ва ба ояндагон мерос гузорад. Ин яке аз бадтарин шаклҳои идоракунии сарвати миллӣ аст, ки захира меравад, дороӣ ва сарвати миллӣ тороҷ мешавад, вале дар ивазаш ба ҷуз ғавс шудани гардани чанд нобакор, ба миллат чизе намерасад ва ҳамоно миллат дастнигари бегонагон мемонад ва умраш дур аз ватан, дар ғурбату сарсонӣ мегузарад. 

Дар як матлаби расонаи давлатии Ховар дарёфтам, ки дар он худи ин расонаи “пропагандист”-и режим иқрор мекунад, ки “соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст.” Ховар менависад, ки ба рушди содирот афзоиши истеҳсоли алюминий, тилло, нуқра ва дигар сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои ранга мусоидат кардааст. Яъне дар сатҳи умумӣ номҳо маълуманд, вале пушти ибораҳои хира ва аз дар таги мондан халос мекардагӣ ва бехатари “маҳсулоти маъданӣ” пинҳон шудаанд. 

Вақте давлат ё расонаҳои наздик ба давлат танҳо афзоиши рақамро нишон медиҳанд, вале намегӯянд, ки кадом сарват, бо кадом ҳаҷм, ба кадом бозор ва бо чӣ сатҳи коркард содир шудааст, ҷомеа аз фаҳмидани сифати афзоиш маҳрум мешавад. Афзоиш худ ба худ пешрафт нест. Агар он аз ҳисоби фурӯши сарвати зеризаминӣ бе коркард ба даст ояд, он метавонад на рушди миллӣ, балки тороҷи сармояи миллӣ бошад.

Ҳамин тавр, вақте содироти як давлат асосан аз ашёи хом, махсусан маъданҳо иборат аст, он одатан то ба сатҳи фаҳмиши ман аз чанд ҳолати иқтисодӣ шаҳодат медиҳад. Аввал, ин ки иқтисод ҳанӯз бисёрқутба нашудааст ва саноати коркард заиф аст. Баъдан, кишвар ҳатто бо ҳамон ашёи хомаш чашм ба суи талаботи ҷаҳонӣ буда, осебпазир мемонад. Инаш ҳам ҳаст, ки қисми муҳими арзиши иловашуда, технология ва фоидаи стратегӣ дар хориҷ офарида мешавад ва модели рушди мавҷуда бештар истихроҷӣ аст, на истеҳсолӣ. Бонки ҷаҳонӣ ҳам ишора мекунад, ки ҳиссаи содироти Тоҷикистон дар ММД дар ду даҳсолаи охир коҳиш ёфта ва аз миёнаи кишварҳои мислаш пасттар аст. Ин нишон медиҳад, ки ҳатто бо вуҷуди доштани захираҳои табиӣ, кишвар ҳанӯз ба модели пурқуввати содироти боарзиш нарасидааст. 

Аз ин рӯ, агар ин тамоюл ислоҳ нашавад, Тоҷикистон метавонад ба як давраи хеле хатарноктар ворид шавад. Аз як сӯ, воридот иқтисодро ба берун вобаста мекунад ва аз сӯи дигар, содироти ашёи хом сарвати миллиро бе эҷоди занҷири арзиш аз кишвар мебарорад. Ин ду раванд якҷо иқтисодро ба шакле табдил медиҳанд, ки дар он мардум молро аз берун мехаранд, давлат барои пардохти он сарвати табииро мефурӯшад, вале саноати миллӣ миёни ин ду раванд қавӣ намешавад. Ин на модели рушди устувор, балки модели аз даст додани захираҳо ва сарватҳои миллӣ буда, амиқшавии вобастагӣ аст.

Дар натиҷа, метавон гуфт, ки афзоиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2026, гарчанде аз нигоҳи оморӣ мусбат нишон дода мешавад, аммо нишонаи рушди устувор нест. Баръакс, он бештар вобастагии кишварро ба содироти ашёи хом ва воридоти молҳои хориҷӣ нишон медиҳад. Бе ислоҳоти ҷиддии сохторӣ, бисёрқутба кардани иқтисод ва баланд бардоштани шаффофият дар бахши маъдан, чунин афзоиш метавонад муваққатӣ ва ҳатто хатарнок барои суботи иқтисодии кишвар бошад.

Дар охир ҳаминро ҳам зикр кунам, ки ман иқтисодшинос нестам, ин танҳо ибрози назар ҳамчун як шаҳрванд аст. Ғамхорӣ ба сарвати миллӣ ва ибрози назар барои бартараф кардани камбудиҳоро қарзи гардани хеш дар пешгоши Ватан медонам. Бинобар, ҳарҷо, ки хатое ва ё ҳарфи нодурустеро пайдо кардед, лутфан назаратонро нависед, ҳатман санҷида ислоҳ хоҳад шуд.

Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *