950 ҳазори тоҷикистонӣ соли 2025 ба Русия рафтаанд

Ба дигарон фиристед

Ба иттилои нашрияи русии Vedomosti, дар соли 2025 тақрибан 950 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ворид шудаанд. Тибқи гузориш, новобаста аз ҳолати нимаҷангӣ дар Русия, ҳамоно шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз бузургтарин гурӯҳҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия боқӣ мемонанд. Ҳарчанд дар солҳои охир қоидаҳои муҳоҷират дар Русия сахттар шудаанд, ҷараёни рафтани муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба ин кишвар кам нашудааст ва идома дорад.

Теъдоди 950 ҳазор нафар танҳо шумори нафарони давоми як сол воридшудагон ба Русия аст. Ин дар ҳолест, ки айни ҳол сукунати доимӣ ба аксари муҳоҷирони тоҷик ба як падида табдил ёфтааст ва дар аксари рустоҳои Тоҷикистон ниме аз хонаву манзилҳо бесоҳиб ва қулфзада шудаанд ва соҳибони онҳо дар муҳоҷират дар Русия мебошанд.

Дар Русия солҳои охир назорат аз болои муҳоҷирон пурзӯр шуда, қонунгузорӣ сахттар гардидааст. Вале бо вуҷуди ин, тоҷики сарсахт ба ҳазор бало тан дода, ба Русия меравад, зеро имкониятҳои ҷойи кор пайдо кардан дар Тоҷикистон барои аксарият мисли «пойи мору шири мурғ кас надид» шудааст.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *